DOLAR
EURO
ALTIN
BIST
Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
İstanbul °C

Ифтитоҳи Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд
REKLAM ALANI
03.04.2023
A+
A-

 

 

 

Ифтитоҳи Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд

.2023 , шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд 01.04.2023
1 апрел дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонвариро ифтитоҳ намуданд.

Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шудааст.

 

 

 

 

Иншооти навбунёди варзишӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои беш аз 10 ҳуҷраи корӣ барои маъмурият ва кормандон, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, дастшӯӣ, анбор барои нигаҳдории таҷҳизоти варзишӣ ва дигар нуқтаҳои ёрирасон мебошад. Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шафати варзишгоҳи марказии “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ҷойгир аст.

Дар гӯшаҳои алоҳидаи ошёнаи якуми бинои мактаб намунаи либосҳои варзиши камонварӣ, тиру камонҳо ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик аз ин риштаи варзиш ба маъраз гузошта шудааст.

Бо таъсиси Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд 20 нафар, аз ҷумла 5 мураббии касбӣ ба кор ҷалб гардиданд. Дар мактаби варзишӣ толори маҷлисӣ бо 30 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Дар ҳуҷраҳои алоҳидаи мактаб таҷҳизоти гуногуни варзишӣ нигаҳдорӣ шуда, дастгоҳҳои зарурӣ насб гардидааст, ки асосан барои таъмиру навсозии тиру камон истифода мешаванд. Инчунин дар бино нуқтаи тиббӣ ва ҳуҷраи равоншинос низ мавҷуд аст.

Дар ошёнаи дуюми иншооти мазкур толори барҳавои машқу тамрин ва омӯзиши нозукиҳои варзиши камонварӣ бо паҳноии 20 ва дарозии 40 метр ҷойгир аст.

Дар толори Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар баробари машқу тамрин, инчунин барои баргузор намудани мусобиқаҳои сатҳи баланд оид ба камонварӣ шароити зарурӣ фароҳам мебошад.

Айни замон дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд 90 нафар ҷавонону наврасон машқу тамрин менамоянд, ки ба онҳо мураббиёни соҳибтаҷриба нозукиҳои ин намуди варзишро меомӯзонанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадони соҳа, мураббиён ва варзишгарон суҳбати самимӣ ороста, изҳори боварӣ карданд, ки бо бунёд ва ба истифода супоридани Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд барои тамрини наврасону ҷавонони варзишгар шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд ва аз байни онҳо қаҳрамононе чун Зебунисо Рустамова ба камол мерасанд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30414?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.